Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ироқиҳо бо талаби раҳоии Зайдӣ


Имрӯз садҳо ироқӣ бо талаби раҳоии хабарнигоре, ки рӯзи якшанбе дар Бағдод пойафзорҳояшро алайҳи раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд, тазоҳурот карданд. Мақомот мегӯянд, Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори телевизиони “Ал-Бағдодия” дар пайи ҳамла ба Буш боздошт шудааст. Зайдӣ дар ҷараёни нишасти муштараки хабарии Ҷорҷ Буш ва сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ раисиҷумҳури Амрикоро саг номида, пойафзорашро ба сӯи ӯ ҳаво дод. Тазоҳурот бо талаби раҳоии Зайдӣ имрӯз дар минтақаи умдатан шиъанишини Садри Бағдод ва ҳам дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Наҷаф доир шуд. Эътирозгарон дар Наҷаф алайҳи асокири дар ин шаҳр мустақари амрикоӣ низ пойафзор партоб карданд. Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар робита ба рӯйдоди дирӯза гуфт, кадом эҳсоси хатар накардааст.
XS
SM
MD
LG