Пайвандҳои дастрасӣ

Буш: "Дар Афғонистон набарди тӯлонӣ дар пеш аст"


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, ки имрӯз бо як сафари қаблан эълонношуда ва хайрбодӣ аз Афғонистон дидан кард, дар Кобул гуфт, набарди тӯлонӣ дар роҳи эъмори субот дар ин кишвар дар пеш аст. Буш дар нишасти бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай муштараки хабарӣ гуфт, дар ҷанг алайҳи Толибон ва Ал-Қоида рӯзҳои сангине ҳанӯз дар пеш истодааст. Аммо вақте як хабарнигори афғон гуфт, ки Амрико натавонист дар амри овардани сулҳу субот ба Афғонистон бар тааҳҳудаш амал кунад, Буш гуфт, ки ба ин ҳарфҳорозӣ нест. Ҳомиди Карзай, ба навбаи худ, тааҳҳуд супурд, ки давлати ӯ ҳамкориаш бо ҷомиаи байналмилалиро то замони шикасти терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон ва ба пойи худ комилан рост шудани ин кишвар идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG