Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нархи газ бо Узбакистон шурӯъ шуд


Тоҷикистон музокироти нархи газ бо Узбакистон барои қарордоди соли ояндаро шурӯъ кардааст. Як ҳайъат бо раҳбарии раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ҳафтаи гузашта аз Тошканд дидан карда, ба далели пойин рафтани нархҳои ҷаҳонии маводи сӯхт пойин бурдани қимати пешниҳодии гази Узбакистон барои Душанберо дархост кардааст. Мақомоти “Тоҷикгаз” мегӯянд, Тоҷикистон мехоҳад соли оянда аз Узбакистон 550 миллион метри мукааб газ харидорӣ кунад. Имсол Душанбе барои ҳазор метри мукааби газ ба Тошканд 160 доллар пардохт мекард, вале он ҷониб гуфта буд, ки аз соли нав қимати газашро барои кишварҳои ҳамсоя то ду маротиба афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG