Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҷангиёни толиб дар амалиёти Ҳилманд


Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, дар ҷараёни як амалиёти муштараки нирӯҳои Афғонистон ва НАТО 40 ҷангии толиб кушта шуданд. Аҳмадӣ гуфт, ин амалиёт дар минтақаҳои Надалӣ ва Мурҷаи Ҳилманд ҳанӯз рӯзи панҷшанбеи гузашта оғоз ёфта, ҳанӯз идома дорад. Яке аз ҷангиёни кушташуда Мавлавӣ Салим, раҳбари Шӯрои Толибон дар ин ду минтақа будааст. Ҷеймс Гейтер, сухангӯи нирӯҳои байналмилалӣ, то ҳол идома доштани амалиёти муштарак дар Ҳилмандро таъйид кард, вале гуфт, дар бораи теъдоди кушташудагон маълумот надорад.
XS
SM
MD
LG