Пайвандҳои дастрасӣ

Пирамидаи Мэдофф ба Аврупову Осиё асобат мекунад


Ниҳодҳои молии Аврупову Осиё изҳори ташвиш кардаанд, ки қазияи ба сирқати 50 миллиард доллар муттаҳам шудани Бернар Мэдофф, мудиромили собиқи NASDAQ, аз бузургтарин бозигшарон дар бозори молии Амрико, метавонад барои бонкҳои ин ду қора низ хисороти бузурги молиро ба ҳамроҳ дошта бошад. Santander, бузургтарин бонки Испания, аз эҳтимоли то 3 миллиард хисорот бардоштани як шӯъбааш ҳушдор дода, бонки фаронсавии BNP Paribas гуфтааст, ки зиёнаш аз ин қазия тоба 470 миллион доллар хоҳад расид. Бонки ҷопонии Nomura Holding, дар ҳамин ҳол, хисороти эҳтимолиаш аз қазияи пурсарусадои Бернард Мэдоффро беш аз 300 миллион доллар баровард кардааст. Мэдофф ҳафтаи гузашта боздошт шуд ва мақомоти Амрико ӯро дар таҳияи нақшаи сирқати 50 миллиард доллар муттаҳам карда, мегӯянд, ин пирамида бар асари бӯҳрони саросарии молӣ фурӯ рафтааст.
XS
SM
MD
LG