Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи хутути иртиботӣ байни Чину Тайван


Баъд аз 60 соли сардиҳо ва қатъи иртиботот, равуо тавассути хутути мустақими ҳавоӣ ва баҳрӣ байни Чину Тайван аз сар гирифта шуд. Парвози ҳавопаймоҳо ва равуои киштиҳо байни ду кишвари дар гузашта рақиб акнун ба сурати ҳаррӯза анҷом дода мешавад. Иртиботи ҳавоӣ ва баҳрӣ байни Чину Тайван дар гузашта одатан тавассути як минтақаи севвум, асосан Ҳонгконг ва Макао анҷом меёфт, ки масрафи вақту ҳазинаи бештареро тақозо мекард. Тайван дар пайи як ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1949 аз баданаи Чин ҷудо шуда, худро мустақил эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG