Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқбол ва интиқодҳо аз интихоботи Туркманистон


Баёнияи нашршуда дар сомонаи расмии интернетии давлати Туркманистон мегӯяд, интихобот дар як фазои боз доир шуд ва нишондиҳандаи ислоҳоти демократиест, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ пиёда мешавад. Мақомот мегӯянд, барои 125 курсии Маҷлиси ҷадид 288 номзад вориди мубориза шуда буд ва дар раъйгирии рӯзи якшанбе 94 дарсад аз тақрибан 2,5 миллион мардуми воҷиди шароити раъйи Туркманистон ширкат варзидаанд. Мунаққидон аммо мегӯянд, ҳамаи номзадҳо ба сурати ошкор аз раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пуштибонӣ мекарданд, ки ҳизби демократи ӯ танҳо ҳизби расман фаъол дар Туркманистон аст.
XS
SM
MD
LG