Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла алайҳи Буш... бо ду пойафзол


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш иттифоқи дирӯз рухдода дар Бағдодро беаҳамият хонд ва гуфт, кадом эҳсоси хатар накардааст. Зимни нишасти муштараки хабарии Буш ва сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дар Бағдод як хабарнигори маҳаллии телевизион раисиҷумҳури Амрикоро “саг” номида, ба сӯяш ҳарду пойафзоли худро ҳаво дод, вале ба нишон нарасид. Ҷорҷ Буш рӯзи якшанбе ба Ироқ сафари ғайримунтазираи хайрбодӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар ӯ ва Нурӣ Моликӣ ба паймони амниятие имзо гузоштанд, ки замони ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқро то поёни соли 2011 тамдид мекунад.
XS
SM
MD
LG