Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 узви хонаводаи язидиҳо дар Мувсил


Пулис дар шимоли Ироқ мегӯяд, афроди мусаллаҳ ба як манзил дар ғарби Мувсил ҳамла оварда, 7 узви як хонаводаро ба ҳалокат расондаанд. Ин ҳафт тани кушташуда пайрави мазҳаби тоисломии Язидӣ ном бурда мешаванд. Тайи соле, ки мегузарад, мизони хушунатҳо дар Ироқ ба сурати умум ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, вале Мувсил ҳамчунон як минтақаи ошӯбзада боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG