Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии бокс: Куба – дар ҷои аввал


Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар шаҳри Маскави Русия дастаи мунтахаби Куба бо 6 медали тилло ва 2 нуқра ҷои аввалро касб кард.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарони Куба Янкиел Леон (54 кг), Идел Торриенте (57 кг), Сотолонго Иглесиас (64), Карлос Суарез (69 кг), Осмаи Дуарте (91 кг) ва Роберт Алфонсо (+91 кг) ғолиб шуданд.

Дастаи мунтахаби Русия бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Муштзанҳои рус Миша Алоян (51 кг), Алберт Селимов (60 кг) ва Артур Бетербиев (81 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.


Инчунин 1 намояндаи Филиппин – Ҳерри Танамор (48 кг) ва 1 нафар муштзани Арманистон – Андраник Ҳаковян (75 кг) – бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.


Ёдовар мешавем, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс шарафи Тоҷикистонро чаҳор нафар ҳифз намуданд. Ҷаҳон Қурбонов, муштзани машҳури тоҷик, барандаи медали биринҷӣ гардид. Вай дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев (Узбакистон) мағлуб шуд. Бояд гуфт, ки баъди чаҳор раунд ҳисоб баробар – 9:9 буд, вале аз рӯи нишондоди изофӣ муштзани узбак ғолиб дониста шуд ва ба финал баромад.


Муштзанҳои дигари тоҷик Муродҷон Расулов дар вазни то 48 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг дар даври аввал мағлуб гаштанд.

XS
SM
MD
LG