Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Афғонистон дар Порис ба поён расид


Дар Порис ҳамоиши якруза барои Афғонистон ба поён расид. Намояндагон аз Афғонистону кишварҳои ҳамсояаш ва қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои бештар суботу оромӣ дар Афғонистонро барқарор мекунад. Онҳо дируз дар Порис бо ҳам мулоқот карданд. Дар эъломияе, ки дар поёни мулоқот мунташир шуд, омадааст, ки бидуни Афғонистони орому амн ва пешрафта амнияту сулҳи пойдор дар минтақа имконпазир нахоҳад буд. Бернард Кучнер-вазири хориҷаи Фаронса ва созмондиҳандаи ин ҳамоиш гуфт:

"Баргузор кардани ин ҳамоиш бо ширкати ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон кори осон набуд, ба истиснои яке аз онҳо, вазири Ирон, ки як рузи пеш мегуфт, бо мост".

Интизор мерафт, ки дар ин мулоқот Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Ирон ширкат мекунад, вале дар он ширкат надошт. Барои чунин кор сабаби расмӣ пешниҳод нашуд. Чанд рузи пеш Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон паси як мизи музокира нахоҳад нишаст, зеро вай ба Исроил таҳдиди нобудӣ кардааст. Ҷониби Ирон бо адами ширкати вазираш эътирози худро ба ин изҳорот нишон дод.

XS
SM
MD
LG