Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Буш мегуяд, ҷанг дар Ироқ поён наёфтааст


Дируз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ва Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ як мувофиқатномаи амниятӣ имзо карданд, ки он то поёни соли 2011 хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқро пешбинӣ мекунад. Имзои самбулики ин санад дар ҷараёни боздиди ғайримунтазираи Ҷорҷ Буш аз Бағдод сурат гирифт. Ин боздид дируз барои худоҳофизӣ анҷом гирифт. Дар нишасти хабарие, ки як ҷо бо Нурӣ ал Моликӣ баргузор шуд, Ҷорҷ Буш аз комёбиҳои амниятӣ дар Ироқ бо кафзанӣ истиқбол кард, вале гуфт, ҷанг ҳоло поён наёфтааст. Қаблан оқои Буш бо Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ дидор ва гуфтугу кард ва изҳор дошт, ки вуруди нируҳои Амрико ба Ироқ кори душвор, вале "зарурӣ" буд:


"Кор осон набуд, вале он барои амнияти Амрико, умеди Ироқ ва сулҳи саросарӣ зарур буд".

Талабонӣ Ҷорҷ Бушро "дусти бузурги мардуми Ироқ" номид. Ин чаҳорумин ва охирин боздиди Ҷорҷ Буш дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ироқ аст.

XS
SM
MD
LG