Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳои дарёӣ боздошт шуданд


Ҳиндустон мегӯяд, нерӯҳояш 23 роҳзани дарёии сомалияӣ ва яаманиро ҳангоми кӯшиши онҳо ба рабудани як киштӣ дар Халиҷи Адан боздошт кардаанд. Намояндаи вазорати дифоъи Ҳинд мегӯяд, ҳамла ба роҳзанҳо замоне ба амал омад, ки як киштии Ҳабашистон бонги изтироб пахш кард. Маълум гашт роҳзанҳо дар чанд қоиқ ин киштиро ба муҳосира гирифтаанд. Роҳазанӣ дар соҳилҳои Сомалӣ ахиран ба як амали фавқулода сердаромад табдил ёфта, ба ҳаракати киштиҳо дар уқёнуси Ҳинд мушкилот пеш овардааст.
XS
SM
MD
LG