Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳамоиши марбут ба Афғонистон дар Порис


Мақомоти баландпоя аз Афғонистон, давлатҳои ҳамсоя ба он ва қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз дар Порис, пойтахти Фаронса роҳҳои қатъи низоъ дар Афғонистон ва пешбурди барномаи бозсохти ин кишварро баррасӣ карданд. Мақомоти Фаронса мегӯянд, ҳадаф аз ҳамоиш ҷалби кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, бахусус Покистон ва Эрон ба пуштибонӣ аз ҳукумати Афғонистон дар низоъи он бо Толибон аст. Ин идомаи ҳамоиши моҳи июни соли равон дар Порис аст, ки он вақт кишварҳо ваъда карда буданд, ба Афғонистон 20 миллиард евро кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG