Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани машҳури тоҷик, барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии бокс дар шаҳри Маскави Русия гардид.

Ҷ. Қурбонов, ки дар нахустин дидори худ дар вазни то 81 кг бар муштзани Латвия Николайс Гришунинс аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:5 пирӯз гардида буд, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгари Узбакистон Аббос Атоев зӯрозмоӣ кард. Баъди чаҳор раунд ҳисоб баробар – 9:9 гардид, вале аз рӯи нишондоди изофӣ муштзани узбак ғолиб дониста шуд ва ба финал баромад. Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳон Қурбонов дар Олимпиадаи Пекин дар аввалин рақобати худ бар қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев бо ҳисоби 11:3 ғолиб омада буд.

Атоев дар финал имрӯз, 14-уми декабр, бо варзишгари Русия Артур Бетербиев, ки дар даври ниманиҳоӣ пеш аз мӯҳлат бар Динеш Кумар (Ҳиндустон) ғолиб шуд, қувваозмоӣ хоҳад кард. Ба ғолиби қувваозмоии ниҳоӣ 10 000 доллар ва ба варзишгаре, ки ҷои дуввумро мегирад, 5 000 доллар супурда хоҳад шуд. Динеш Кумар ва Ҷаҳон Қурбонов, ки ҷойҳои севвумро касб карданд, бо медалҳои биринҷӣ ва 2500-долларӣ мукофотонида мешаванд.


Вале муштзанҳои дигари тоҷик Муродҷон Расулов дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг дар даври аввали мусобиқа мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гардиданд.


Ба-ин тартиб дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бокс 22 нафар муштзанҳои 11 кишвар (Куба – 8 нафар, Русия – 4, Узбакистон – 2, Арманистон, Венесуэла, Молдова, Муғулистон, Укроин, Филиппин, Хорватия ва Чин якнафарӣ) зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG