Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон чил дарсад поин рафтани нархи пахта дар биржаи Ливерпулро пайёмади нохубе барои истеҳсолкунандагони пахтаи кишвар донистааст.

Биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон мегӯяд, як тон нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул беш аз ҳазору дусад доллари амрикоӣ қиммат дорад, ки дар қиёс ба се моҳи гузашта ҳудудан шашсад доллар арзонтар аст.

Масъулони вазорати кишоварзӣ мегӯянд, то ин ки пахтаи хоми ба заҳмат ҷамъоваришуда бо нархи арзон ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбад, беҳтар аст, коркарди пахта дар дохил роҳандозӣ шавад.

Президент Раҳмон ҳам зарурати коркарди ҳаштод дарсади пахта дар Тоҷикистонро дар се соли минбаъда таъкид карда ва гуфтааст, ки бояд барномаи он ба зудӣ таҳия шавад. Тибқи пешбинии раисҷумҳур, он вақт харидорони пахта дар дохил пайдо мешаванд ва он вақт қиммати пахта бамаротиб боло меравад.

Вале Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ба ин далел ки объектҳои муҳими саноъати кишоварзӣ дар дасти гурӯҳҳои алоҳида қарор дорад, баъид аст, ки бахши аъзами пахта дар дохили Тоҷикистон коркард шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагони бархе аз воҳидҳои кишоварзии пахтакор мегӯянд, ба иллати якбора поин рафтани нархи пахта дар бозорҳои хориҷӣ наметавонанд қарзи худро ба бонкхои кишвар баргардонанд. Онҳо мегӯянд, акнун дур аст, ки қарз домани онҳоро ба зудӣ раҳо кунад.

Аммо мақомоти Вазорати кишоварзӣ барои ҷилавгирӣ аз асароти бӯҳрони молӣ ба кишоварзон, аз ҳукумат хостааст, ки барои харидории пахта аз воҳидҳои деҳқонӣ пул ҷудо кунад. Саймурод Баҳриддинов, раиси бахши рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ҳамин тавр, роҳандозии коркарди пахта дар Тоҷикистонро имконпазир мешуморад. Ва ба гуфтаи ӯ, дар сурати рафъи мушкили камбуди обу норасоии нуриҳои маъданӣ барои мазореъи пахта, ин навъи зироъат метавонад барои Тоҷикистон дигарбора маҳсули рақами аввали стротежӣ ва содиротӣ шавад. Саймурод Баҳриддиннов мегӯяд, аз маҳсули пахта на танҳо нах, балки, равғану кунҷора низ тавлид мешавад, ки суди иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ба дунбол дорад.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран мақомоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз анҷоми мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта дар кишвар иттилоъ доданд. Ин мақом мегӯяд, соли ҷорӣ ҳудудан 350 ҳазор тон ё бештар аз 63 дарсади нақшаи ҷамъоварии пахта дар мазореъ иҷро шудааст. Дар ҳоле ки ҳукумат ваъда дода буд, ки бештар аз 550 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ мекунад.

Зимнан, аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон то кунун ҳич соле барномаи давлатии ҷамъоварии пахта ба иҷро нарасидааст...

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG