Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 2 нафар дар инфиҷори Боку


Таркише дар маркази шаҳри Боку бинои бисёрошёнаро дарҳам рехт ва гуфта мешавад, ба камияш ду нафар дар ин ҳодиса кушта ва шаш тан захмӣ шудаанд. Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилии Озарбойҷон Элхон Зоҳидов гуфт, эҳтимол дорад, афроди дигаре ҳам дар зери шикастпораҳои бино монда бошанд. Ин манбаъ тахмин мезанад, ки инфиҷор бар асари таровиши газ дар яке аз манзилҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG