Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо Тифлис аз тариқи Швейтсария гуфтугӯ хоҳад кард


Тибқи созиши ахири байни Русия ва Швейтсария қарор шудааст, сафорати Швейтсария дар Тифлис аз манофеъи Русия дар Гурҷистон намояндагӣ кунад. Русия ва Гурҷистон дар моҳи сентябр пас аз ҷанги панҷрӯза дар моҳи август сафоратҳои худро дар пойтахтҳои ҳамдигар бастанд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои швейтсарии худ Мишелин Калмӣ-Рей дар Маскав созиши ахирро қадаме дар беҳбуди равобит бо Гурҷистон номид.
XS
SM
MD
LG