Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ боз қаҳрамон шуд


Ҳарчанд ҳанӯз як моҳ қабл дигар касе ба унвони қаҳрамонии «Регар» ТадАЗ шакке надошт, ахиран бозигарони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ин унвонро расман соҳиб шуданд.

Дар бозии рӯзи 12 декабр бо «Динамо» дар шаҳри Душанбе барои «Регар» ТадАЗ танҳо як хол кифоя буд, то барои рақиби наздиктаринаш - «Хуҷанд» низ дастнорас шавад. Ва футболбозҳои шаҳри Турсунзода ин холро ба даст оварданд. Бозӣ мусовӣ: як бар як анҷом ёфт.

Ҳамакнун, ду бозии боқимондаи қаҳрамони ҳамакнун ҳафткаратаи Тоҷикистон бо дастаҳои қурғонтеппагии «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» танҳо имконе барои санҷиши бозигарони дубл хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, рақобат миёни «Парвоз» ва «Хуҷанд» барои медалҳои нуқра ташдид меёбад. «Парвоз» рӯзе пеш бо пирӯзии фаннӣ бар «Тоҷиктелеком» ба «Хуҷанд» наздиктар шуд, вале «Хуҷанд» бо пирӯзӣ бар «Равшан» дар Кӯлоб бо ҳисоби 2-0 боз ҳам шонси худро бештар кард. Воқеан, дар ин бозӣ кӯлобиҳо садумин голро дар чемпионати имсола аз дарвозаи худ сар доданд.

Мавқеъи дастаҳо то 14-уми декабр

Б

П

М

Ш

Т/Т

Х

1.

«Регар» ТадАЗ

38

30

5

3

124-33

95

2.

«Хуҷанд»

37

27

4

6

66-27

85

3.

«Парвоз»

36

25

6

5

81-26

81

4.

«Вахш»

38

21

3

14

58-42

66

5.

«Энергетик»

36

17

4

15

65-47

55

6.

«Тоҷиктелеком»

37

17

2

18

60-61

53

7.

«Динамо»

35

13

9

13

46-47

48

8.

«Саройкамар»

37

8

5

24

43-82

29

9.

«Равшан»

39

7

6

26

41-100

27

10.

«Гвардия»

38

6

6

26

30-81

24

11.

CСKA «Помир»

37

7

2

28

21-89

23


Голзанҳои беҳтарин: Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 28 гол, Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз») - 26 гол,

Бозиҳои оянда:
• 14 декабр: «Энергетик» - «Хуҷанд»
• 15 декабр: «Регар» ТадАЗ - «Вахш»

XS
SM
MD
LG