Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартномаи "бе шарт" барои донишҷӯён


Донишҷӯёни соли чоруми факултаи иқтисод ва молияи Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон шикоят аз он доранд, ки пас аз иваз шудани ректори донишгоҳ мушкилоти пардохти маблағи таҳсил ба миён омадааст.

Ин донишҷӯён мегӯянд, замоне ки онҳо ба донишгоҳ дохил шуданд, зери шартномае имзо гузоштанд, ки бар тибқи он мебоист солона 200 доллар пардохт мекарданд. Вале мувофиқи фармони наве, ки вазорати маориф онро тасдиқ кардааст, донишҷӯён муввазаф шудаанд, ки то 31 декабри ҳамин сол маблағи шартномаро ки аз 200 ба 400 доллар бурда шудааст, пурра пардохт кунанд. Дар сурати ғайр онҳо хориҷ хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯянд онҳо, қаблан ба донишҷӯёне, ки имкони ками молиявӣ доштанд, барои қисман супоридани пули шартнома имтиёз дода мешуд.

Донишомӯзони донишгоҳи иқтисодии кишвар норозӣ аз онанд, ки аз ҳисоби боло бурдани ҳаққи шартномаи онҳо дастмузди омӯзгорони ин муасcисаи таълимӣ баланд бардошта мешавад. Дар ҳамин ҳол Баҳром Сафаров, декани факултаи менеҷмент ва соҳибкории ҳамин донишгоҳ, мегӯяд, воқеан низ маъмурияти ин таълимгоҳ ба донишҷӯёне, ки маблағи солонаи таҳсилро пардохт накардаанд, то соли нав мӯҳлат додааст.

Гуфтанист, ки донишгоҳи иқтисодӣ ягона муассисаи олии таълимие дар Тоҷикистон нест, ки донишҷӯёнаш пас аз тағйир хӯрдани раҳбаронаш аз бархӯрду амалкардҳояшон шиква мекунанд. Аз ҷумла як гурӯҳ донишомӯзони Донишгоҳи миллии кишвар низ ахиран тақозои бознигарии низомномаи пӯшиши либоси мактабиро кардаанд. Ҳоким Давлатёров, яке аз ин донишҷӯён, мегӯяд, ҳар дафъае, ки раҳброни донишгоҳ иваз мешаванд, ҳар кадом қонуну қоидаҳои худро ба донишомӯзон бор мекунад.

Як моҳ қабл ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадриро аз соҳаи омӯзишу парвариш шурӯъ карда, бархе аз ректорони мактабҳои олии кишварро иваз кард. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садридини Айнӣ раҳбари нав таъин гардид. Ва чунин мушоҳида мешавад, ки Зариф Шарфиов, собиқ муовини вазири маорифи кишвар ва ректори тозатаъини ин муассиси олии таълимӣ, низ тартибу низом ва тарзи либоспӯширо дар донишгоҳ шадидтар кардааст.

XS
SM
MD
LG