Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Узбакистон ба сохтмони НБО-и «Роғун»


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, нишасти ахири Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиъати Узбакистон дар ин нишаст гуфтааст, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикитон фалокатҳои эколожиро дар минтақа ба бор хоҳад овард.

Ин бори нахуст нест, ки Узбакистон ва масъулони баландмақоми он бар сохтмони нерӯгоҳҳои азим ва махсусан нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон мухолифат нишон медиҳанд. Ин кишвар даъво дорад, ки бо анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ заминҳои кишташ беоб мемонад, муҳити зисташ хароб ва бо онки нерӯгоҳ дар як маҳалли зилзилахез бунёд мешавад, эҳтимоли ҳалокати даҳҳо ҳазор бар асари канда ва тахриби садди обанбор вуҷуд дорад. Аз ин рӯст, ки Узбакистон пайваста талош дорад, на танҳо дар сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ, балки дар миқёси байнулмилалӣ низ ин масъаларо ба баҳс бикашад ва бар Тоҷикистон фишор ворид кунад.

Ахиран Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон, низ дар нишасти САҲА дар шаҳри Ҳелсинкӣ, пойтахти Финляндия, гуфта буд, ки ба ҳангоми эҳдоси чунин нерӯгоҳи бузург бояд ду масъала –талаботи кишварҳои поёноб ба об ва амнияти эколожии минтақа – ба назар гирифта шавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари соҳиби захоири об муътақид аст, ки нерӯгоҳи Роғун ҳеч фоҷиъаи эколожӣ ба бор намеоварад. Зеро тарҳи мазкур, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар марокизи илмии Русия ва ҳатто Тошканд таҳия ва таъйид шудааст, имкон медиҳад масрафи беҳудаи об қатъ ва тақсиму истифодаи одилонаву оқилонаи он таъмин шавад. Аз сӯи дигар Тоҷикистон танҳо дар ҳоле метавонад рушди иқтисоди худро таъмин кунад, ки аз имконот ва захоири табиъии худ – чун Узбакистон аз манобеъи газ ва нафташ – босамар истифода барад.

Танҳо роҳе, ки Тоҷикистонро барои татбиқи чунин аҳдофаш наздик мекунад, мегӯянд коршиносон, ин анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обист.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии ахири худ бахшида ба рӯзи Истиқлоли кишвар ин нуктаро таъкид кард, ки бояд дар солҳои наздик истиқлоли энержии кишварашро таъмин кунад.

Сохтмони неругоҳи Роғун ҳанӯз дар замони шӯравӣ, соли 1989 оғоз шуда ва наздики 40 дарсади корҳои сохтмонии он то ин муддат ба иҷро расидааст. Бо фурӯпошии шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмони он мутаваққиф шуд. Соли 2004 ширкати «РусАл»-и Русия бо Тоҷикистон барои анҷоми ин тарҳ созишнома ба имзо расонд, вале баъдтар Тоҷикистон бо пеш омадани мухолифатҳо бо ин ширкати русӣ созишномаро лағв намуд.

Новобаста аз мухолифатҳои Узбакистон давлати Тоҷикистон дар ду соли ахир бо тахсиси маблағ аз буҷаи давлат даст ба иҷрои ин тарҳ зад. Давлати Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони неругоҳи Роғун дар соли равон 30 миллион доллар ва дар соли оянда беш аз 100 миллион доллар ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG