Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони нави ҷоизаи Нобел


Дар Стокҳолм - пойтахти Шветсия, маросими тақдими ҷоизаи машҳуртарини дунё - «Нобел» баргузор шуд.

Карл Густави XVI, шоҳи Шветсия, дар як маросими пуршукӯҳ ба олимони соҳаи физика, кимиё, беҳдошт, адабиёт ва иқтисод дипломҳо ва медали тилои бо суроби Алфред Нобел, асосгузори ҷоизаи «Нобел», тақдим кард. Ба барандагони ин ҷоиза аз ҳазинаи Алфред Нобел 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ супурда мешавад.

Аксари Олимон ин маблағҳоро барои корҳои илмии худ масраф мекунанд. Имсол се олими Ҷопонӣ дар соҳаи физика - Макото Кобаясӣ, Тосихиде Маскава ва Йоитиро Намбу - соҳиби ҷоизаи «Нобел» гаштанд. Дар соҳаи кимиё ду олим аз Амрико - Мартин Чалфӣ ва Роҷер Циен, ҳамчунин Осаму Шимамура, донишманди ҷопонӣ, ки дар Амрико кор ва зиндагӣ мекунад, соҳиби ин ҷоиза гаштаанд.

Ҷоизаи «Нобел» дар бахши иқтисод ба донишманд ва иқтисодони машҳури Амрикои Пол Кругман супурда шудааст. Ин ҷоиза дар робита ба сохтори савдо ва ҷобаҷогузории истеҳсолот дода шудааст. Соҳиби ҷоизаи «Нобел» дар бахши адабиёт нависандаи фаронсави Жан Марӣ Густав Ле Клезио гаштааст, ки бештар ба эҷоди асарҳои фантастикӣ, ё тахаюлӣ, машғул аст. Жан Марӣ Густав Ле Клезио беш аз 30 китоб роман, афсона ва қисаҳои ривояти таълиф кардааст.

Дар бахши физиологӣ ва беҳдошт ҷоизаи «Нобел» ба дасти донишманди олмони Ҳаралд Сурхаузен, донишмандони фаронсавӣ Франсуаза Барре-Синуссӣ ва Люк Монтанье супурда шуд. Ҳамчунин дар Осло - пойтахти Норвегия ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ, ки ба унвони ҷоизаи «Нобели Сулҳ» машҳур аст, ба Марти Ахтисаарӣ, дипломат аз Финландия, супурда шуд. Марти Ахтисаарӣ ҷоизаи худро барои ҳалли масоили даргириҳои байнулмилалӣ, ки дар ҳар гушаи ҷаҳон сурат мегирифт, ба даст овардааст.

Александр Стубб, вазири хориҷаи Финландия, рӯзи тақдими ҷоизаи Нобел ба Марти Ахтисаариро рӯзи бесобиқаи таърихӣ барои Финландия номидааст. Марти Ахтисаарӣ бо татбиқи барномаҳои вижае оид ба ҷудо сохтани Косово аз Сербия машҳур аст.

Ҷоизаи «Нобел» аз соли 1901 ба ин ҷониб ҳамасола 10 ноябр дар ду кишвар - Шветсия ва Норвегия ба соҳибонаш тақдим мешавад. Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи Марги Алфред Нобел, асосгузори ҷоиза ва олими машҳури дунё, ки динамитро ихтироъ кардааст, супурда мешавад. Ҳамаи ҷоизаҳои Нобел, ғайр аз ҷоизаи сулҳ, дар ҳамин рӯз супурда мешавад. Танҳо ҷоизаи сулҳ дар Осло - пойтахти Норвегия тақдим карда мешавад ба далели он, ки дар солҳое, ки Алфред Нобел дунёро тарк карда буд, Норвегия ва Шветсия як давлат будаанд.

Алфред Нобел донишманди машҳур буда, баъд аз маргаш васият кардааст, ки пулҳое ки ӯ ба даст овардааст, барои рушди илм ба донишмандон ба шакли ҷоиза супурда шавад.
XS
SM
MD
LG