Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили мавлуди Чингиз Айтматов


12 декабр дар Қирғизистон рӯзи мавлуди нависандаи барҷастаи қирғиз шодравон Чингиз Айтматов таҷлил гардид.

Президент Қурмонбек Боқиев ба ин муносибат «Дар бораи ҷовидона сохтани хотираи Чингиз Айтматов» фармон содир кард. Оқои Боқиев зимни суханронӣ дар маҷмӯъи меъмории «Ата-Бейит», ки устод Айтматов низ дар он дафн шудааст, гуфт, кишвараш ба таҷлили 80-умин солгарди Айтматов омодагии хос мегирифт ва ҳама орзуи онро доштанд, ки чорабиниҳо бо ширкати Чингиз Турақулович ба таври густарда баргузор хоҳанд шуд, вале марги нобаҳангом Чингиз Айтматовро аз байни онҳо рабуд ва мутаассифона маҳфилҳову нишастҳои солгарди нависанда бидуни иштироки вай хоҳанд гузашт.

Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев воқеъан Қирғизистон фарзанди бузург ва барӯманди худро аз даст дод. Вай гуфт, соли 2008 соли Чингиз Айтматов эълон шуд ва барои нахустин бор дар Қирғизистон ин гуна чорабинӣ раҳандозӣ гардид, ки қаблан мислаш дида нашудааст.

Ба гуфтаи президент Боқиев, таҷлили солгарди Айтматов бо тантанаҳои хос сурат хоҳанд гирифт ва ба ин васила мардуми қирғиз ва башарияти олам хотираи вайро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт.

Дар фармони раиси ҷумҳур зикр шудааст, ки хидматҳо ва саҳми бузурги Қаҳрамони Қирғизистон, нависандаи мардумӣ Чингиз Турақулович Айтматов дар рушди адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Бино ба дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, президент ҳукумати ҷумҳуриро тавассути ин амр муваззаф кардааст, ки дар муддати як моҳ дар маҷмӯъи меъмории «Ата-Бейит» барои Чингиз Айтматов гумбази алоҳида тарҳрезӣ ва бунёд кунад.

Бояд гуфт, маҷмӯъи меъмории «Ата»Бейит» маҷмӯъаест воқеъ дар 20-километрии шаҳри Бишкек, ки дар он хотираи қурбониёни ваҳшати даврони сталинизм ҷовидона сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки падари нависандаи шодравон Турақул Айтматов низ дар ин маҷмӯъи меъморӣ дафн гардидааст.

Тибқи амри раисиҷумҳури Қирғизистон, дар мавриди абадӣ сохтани хотираи Чингиз Айтматов ҳайкалтарошон дар се моҳи оянда пайкараи ин нависандаи бузургро омода месозанд, ки интихоби он тибқи озмуни вижа сурат хоҳад гирифт. Пайкараи ғолиб дар зери гумбазе насб хоҳад шуд, ки барои Чингиз Айтматов бунёд шудааст.

Бино ба амри раиси ҷумҳури Қирғизистон, ҷоизаи давлатии барои ҷавонон таъсисёфта ҷоизаи давлатии ба номи Чингиз Айтматов унвон мегирад. Гузашта аз ин ба театри давлатии драмаи русии ҷумҳурӣ, воқеъ дар Бишкек, номи ин нависанда дода мешавад.

Дар амри мазбур тазаккур ёфтааст, аз ҷумлаи чорабиниҳои дигар, ки барои ҷовидона сохтани хотираи нависандаи мумтоз Чингиз Айтматов дар қаламрави Қирғизистон раҳандозӣ хоҳанд шуд, ба номи вай гузошта шудани кампуси Донишгоҳи байнулмилалии Манас, табдили номи боғи истироҳати Дубовии шаҳри Бишкек ба номи Чингиз Айтматов, номи кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳо дар соири вилоятҳои ин кишвар мебошанд.
XS
SM
MD
LG