Пайвандҳои дастрасӣ

Швейсария ба минтақаи Шенген пайваст


Швейсария ба Аҳдномаи Шенген ҳамроҳ шуд. Аз имрӯз марзҳои кишвар бо дигар мамолики узви Иттиҳодияи Аврупо аз байн бурда шуданд. Онҳое, ки раводиди Швейсарияро дарёфт кардаанд, акнун метавонад бидуни мушкил ба дигар кишварҳои узви Аҳдномаи Шенген сафар кунанд. Ба ин Аҳднома аксари кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шомиланд ва аммо Бритониё, Ирландия, Руминия, Булғористон ва ҳамчунин Норвегияву Исландия аз ҳамроҳ шудан ба минтақаи Шенген худдорӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG