Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати ИМА аз наҷоти саноати мошинсозӣ рӯ тофт


Сенати ИМА аз пазируфтани тарҳи қонун дар бораи тахсиси кумаки 14 миллиард долларӣ ба хотири наҷоти саноати мошинсозии кишвар сарпечӣ кард. Сенаторҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон гуфтанд, ба қабули ин санад он то замоне мухолифат хоҳанд кард, ки иттиҳодияҳои касаба ба пойин бурдани моҳонаи коргарон розӣ нашаванд.

Кохи Сафед аз ин тасмими Сенат изҳори таассуф кард. Ёдовар мешавем, аз ин пеш Маҷлиси намояндагони Конгресс аз тарҳи қонун барои кумак ба саноати мошинсозӣ пуштибонӣ карда буд. Баъд аз қарори Сенат демократҳо аз маъмурияти Ҷорҷ Буш даъват карданд, барои наҷоти соҳаи мошинсозӣ як бахши маблағи 700 миллиард доллараро истифода намояд, ки қаблан барои берун рафтани иқтисоди кишвар аз бӯҳрон ҷудо шуда буд.
Айни ҳол ду ширкати бузурги мошинсозии ИМА - General Motors и Chrysler дар гирдоби бӯҳрони шадид қарор доранд. Ширкати Ford ҳам ба мушкили ҷиддии молӣ мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG