Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин бор муъойина ва ташхиси маҳбусони мубталои ангезаи норасоии масунияти бадан ё HIV ва бемориҳои дигари сироятӣ имконпазир шудааст.

Бино ба итилоъи дафтари бунёди ҷаҳонии барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон, ин бунёд як ташхисгоҳи муҷаҳҳаз бо имконоти тиббӣ дар ихтиёри раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон қарор додааст. Ҳамчунин озмоишгоҳи бемориҳои сироятӣ ба маблағи 35000000 доллар навсози шуд.

То кунун шумораи гирифторон ба ангезаи норасоии масунияти бадан дар зиндонҳои Тоҷикистон мушаххас набуд ва раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон арқоми гуногунро пеш меоварад.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли намояндагони созмонҳои байнулмиллалии ҳуқуқи башар, феълан намояндагии созмонҳои «Салиби сурх», САҲА, инчунин бахши ҳуқуқи маҳаллӣ имкони вуруд ба зиндонҳо ва мулоқот бо маҳбусҳоро надоранд. Бо таъйиди вуҷуди ин масоъил Пайёми Фуруғӣ, мушовири созмони амният ва ҳамкории Аврупо, аз ин иқдоми Вазорати Адлия ва Барномаи Рушди СММ истиқбол кард, вале ин иқдомро дар ҳалли масоъили умдаи зиндонҳои Тоҷикистон ва ҷилавгири аз бемориҳои сироятӣ нокофӣ хонд: “Бояд давлат ба созмони ҷаҳонии «Салиби сурх», ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ба он эҳтиром мегузоранд, иҷозат иҷозат бидиҳад, то аз зиндонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон дидор кунанд”.

Ба гуфтаи Пайёми Фуруғӣ вазъи зиндонҳои Тоҷикистон хуб нест ва шуюъи бемориҳои сирояткунанда низ ба беҳдошту шароити нигаҳдории зиндониён рабт дорад: “Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар миёни зиндониёни маҳбасҳои кишвар маризии силл мушоҳида мешавад. Фикр мекунам, аз 8 то 10 дарсад ин маризӣ дар миёни зиндониён дида мешавад”.

Парвиз, як сокини пойтахти Тоҷикистон, мегӯяд, бародараш таййи чанд соли ахир дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе маҳбус аст: “Танҳо маризии сил бисёр аст. Агар бародарам маризи маъмули мисли сармо ва грипп шавад, доруву даво мебарем, дар утоқи беҳдошти месупорем ва онро табобат мекунанд. Агар доруҳояш бошад, хешовандонатро нигоҳ мекунанд, набошад, аслан нигоҳ намекунанд. Агар хешу таборат имкон дошта бошанд, меоранд, месупоранд ва онҳо нигоҳ мекунанд, агар имкон надошта бошӣ, мурда меравӣ”.

Бино ба итилоъи Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар маҳбасҳои ин кишвар вазъи гирифторони силл нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ба итилоъи ҳамин манбаъ, феълан аз ҳудуди 9 000 маҳбуси зиндонҳои Тоҷикистон 1000 нафар бемори силл ва ҳамзамон беш аз 120 мубтало ба ангезаи норасоии масунияти бадан мебошанд.

Дар Маркази мубориза бо бемории силли Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асоси ташхис дар соли 2007 дар зиндонҳои Тоҷикистон гузаронида шуда 80 нафар маҳбус мубтало ба ин беморӣ ҳастанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG