Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайомадҳои буҳрони молиявии ҷаҳон ба кишвар дар садади таҳияи як барнома аст.

Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон ҷиҳати рафъи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишвар як барномаи махсусеро рӯи даст гирифта ва дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар роҳҳои пешгирӣ аз таъсири хатарноки буҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро мушаххас хоҳад кард.

Амонулло Ашӯров, муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, алъон як гурӯҳи кории муташаккил барномаеро ҷиҳати рафъи осори манфии буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишвар таҳия мекунанд. Ба қавли ӯ, барои таҳияи ин барнома коршиносони ниҳодҳои молиявии давлат ва олимону пажӯҳишгарони академияи улум ва пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти вазорати иқтисод ҷалб шудаанд. Бархе аз пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ алакай ба ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ироъа шудаанд.

Мунаввар Латифов, раиси идораи таҳлили иқтисодиёти вазорати иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, барномаи рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ танҳо се самти иқтисоди кишварро фаро мегирад: «Аз ҷумла, як қатор бонкҳоро мо муваззаф кардем, ки барои рушди бахши хусусӣ ба соҳаи иқтисодиёт қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ кунанд. Самти дувум марбут ба пешгирии буҳрони озуқаворӣ аст. Дар ин самт барои он, ки хоҷагиҳои деҳқонии мо имрӯз фаъъол бошанд, кор карда тавонанд, ба дастгирии онҳо тадбир андешида мешавад. Самти севум ин вобаста ба буҳрони энержӣ аст. Яъне тадбирҳо вобаста ба ноил гардидани Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ андешида мешаванд».

Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи барнома ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувори буҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон, алакай ин буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон пайомадҳои манфиашро расонидааст. Бар асари пастравии 50 дарсадаи қимати алюминиум ва пахта – ду ашёи аслие, ки қисмати аксари ҳаҷми кулия содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, – дар бозори ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳудуди нисфи даромадаш аз ин ду ашёро аз даст додааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати иқтисоди Тоҷикистон, ҳангоми таҳияи барномаи вижаи ҷилавгирӣ аз осори манфии буҳрони молиявӣ барои рафъи хисорот аз фурӯши алюминиум ва пахта ягон тадбир андешида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аслан даромади Тоҷикистон аз ҳисоби ин ду ашё сахт марбут аст ва масъулини вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯянд, бидуни пахтапарварӣ ва тавлиди алюмин рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз имкон берун аст.

Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз тавсиъаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи буҳрони шадиди молӣ Русия ва Қазоқистон дар садади дар қаламрави худ коҳиш додани теъдоди муҳоҷирони хориҷиро 50 дарсад ҳастанд.

Ба қавли вай ин ҳолат, ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷикро, ки дар ин ду кишвар кор мекунанд, ба таври назаррас коҳиш дода, вазъи иҷтимоъиву иқтисоди кишварро ба ҳам мезанад.

Муҳоҷирони кории тоҷик, таъкид мекунанд коршиносон, дар давоми сол беш аз 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва вазъи баҳрабардории бонкҳои Тоҷикистон ва вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон ба ин маблағҳо сахт марбут аст.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии буҳрони иқтисодӣ аз тадобири ҷиддитар кор бигирад, то вазъи иқтисоди кишвар боз мушкилтар нашавад.

XS
SM
MD
LG