Пайвандҳои дастрасӣ

Имруз конфронси зистмуҳитӣ дар Познан ба поён мерасад


Имруз мулоқоти зистмуҳитии раҳбарон дар Лаҳистон ба кори худ хотима медиҳад. Дар ин мулоқот 10 ҳазор намоянда аз 190 кишвар ширкат доранд. Онҳо дар шаҳри Познани Лаҳистон гирдиҳам омаданд, то паймонеро баррасӣ кунанд, ки ҷойгузини Протоколи Киото шавад. Эътибори Протоколи Киото соли 2012 ба поён мерасад. Протоколи Киото аз 37 кишвар тақозо мекунад, ки 5 дарсади гозҳои гулхонаии худро коҳиш диҳанд ва ба сатҳи соли 1990 баробар кунанд.

XS
SM
MD
LG