Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон таҷлил аз Соли Нав мамнуъ нашудааст


Маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Соли Нави милодӣ дар Тоҷикистон чун ҳарсола бо шукӯҳу шаҳомати анъанавӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои ин ҳеҷ монеъа вуҷуд надорад. Дар иттилоъияи ин марказ, ки дар сомонаи раёсати ҷумҳурӣ нашр шудааст, овозаҳои миёни мардум дар бораи имсол таҷлил нашудани Соли Нав такзиб шудааст.

Дар иттилоъия омадааст, муносибати ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҷлили Соли Нави милодӣ тағйир наёфтааст. Дар иттилоъия суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми соли гузаштааш дар арафаи Соли Нави 2008 зикр шудааст:

- «Мо, тоҷикон дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразмӣ, суриёнию мучал, ҳиҷрии шамсию қамарӣ доштем, вале аз рӯи анъанаи қабулшуда Соли Нави милодиро низ бо суруру шодмонӣ ҷашн мегирем».

Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан ба муассисаҳои таълимию тандурустӣ дастур додааст, ки дар арафаи Соли Нави милодӣ барои ҷилавгирӣ аз сӯхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми таҷлили Соли Нав тадбирҳои зарурӣ андешанд.

XS
SM
MD
LG