Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суис посгоҳҳоро бардошт ва ба Шенген ворид шуд


Ҳамин шаби гузашта Шветсария ё Суис ҳамаи посгоҳҳои марзии худ бо ҳамсоягонашро аз миён бардошт, зеро ба узвияти қарордоди Шенген даромад. Сокинони кишварҳои ғайри Шенген, ки раводид ё визои Шенген доранд, акнун метавонанд бидуни мамонеъат ба ин кишвар ворид шаванд. Дар қарордои Шенген 25 кишвари Аврупо узвият доранд ва рафту омад миёни онҳо раводид намехоҳад. Шаҳрвандони Суис соли 2005 дар райпурсие хостори вуруд ба қарордоди Шенген шуданд. Ҳар руз аз марзи миёни Суис ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо 700 ҳазор нафар мегузаранд.
XS
SM
MD
LG