Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Амрико 35 000 кормандашро ихтисор мекунад


Бонки Амрико мегуяд, ба нақша гирифтааст, ки баъд аз харидории бонки Меррилл Линч дар давоми се соли оянда 35 ҳазор ҷои корро ихтисор мекунад. Ин ихтисор тақрибан 11 дарсади кормандони ҳар ду бонкро дар бар мегирад. Ҳар ду бонк тақрибан 308 ҳазор корманд доранд. Саҳмиядорони Бонки Амрико ва Меррилл Линч 5-уми декабр ба тавофуқ расиданд, ки ба ҳам муттаҳид мешаванд ва як бонкро ташкил мекунанд. Дар сурати иттиҳод ин бонк бузургтарин бонки Амрико хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG