Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли ҷорӣ маросими ҳаҷ бидуни пешомаде ба поён расид


Дар ин шабонаруз корвони бузурги мошинҳову автобусҳо пур аз ҳоҷиён шаҳри Маккаи Арабистони Саъудиро тарк мекунанд. Бино ба маълумот, соли ҷорӣ тақрибан 3 милиён нафар фаризаи ҳаҷро адо карданд ва дар ҷараёни адои ҳаҷ мисли солҳои пешин руйдоди нохуш, аз қабили зери пой мондани зоирон, фуру рехтани меҳмонсарое ба вуқуъ напайваст. Масалан, соли 2006 дар Мино ҳангоми санг задан ба шайтони рамзӣ 363 нафар зери пой монданд ва ҷон доданд. Баъд аз ин ҳодиса мақомоти интизомии Саъудӣ тадобири шадиди амниятӣ руи даст гирифтанд ва барои ҷилавгирӣ аз чунин пешомадҳо ниҳодҳои вижа ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG