Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти солонаи сарони ИА дар Бруксел


Нишасти дурӯзаи раҳбарони ИА дар Бруксел шурӯъ шуд. Интизор меравад, муқобила бо гармшавии ҷаҳон ва вазъи мушкили иқтисодӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҳамоиши солонаи раҳбарони қораи Аврупо шаванд. Ҳамчунин қарор аст, раҳбарони ИА ба хотири муқобила бо бӯҳрони молӣ як барномаи изофии 260-миллиарддоллариро тасвиб кунанд. Нишасти сарони ИА дар Бруксел дар ҳоле оғоз ба кор мекунад, ки беш аз 10 000 намоянда аз 190 кишвари ҷаҳон дар Лаҳистон ба баҳси паймони наве шурӯъ кардаанд, ки бояд ҷойгузини паймони зистмуҳитии Киото шавад. Замони эътибори паймони Киото солои 2012 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG