Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин ҳодиса соати 2:58-и зуҳри чоршанбе, 10 декабр рӯй дод. Гурӯҳи сохтмончиён, ки асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат буданд, дар дохили сохтмони фарсудае дар Маскав таъмиру навсозӣ мекарданд.

Елена Персилова, котиби матбуотии идораи умури дохилаи ҳавзаи Марказии шаҳри Маскав мегӯяд: "Дар натиҷаи шикасти шифту фаршҳои чӯбӣ дар хиёбони Староконюшенний, хонаи 45, қабатҳои 6-ум то 2-юми сохтмон пурра сарозер шуд. Ин сохтмони шашошёнаи хиштӣ ва дорои як даромадгоҳ буд. Ин ҳодиса дар ҳангоми таъмири сохтмон рӯй дод. Ҳаҷми куллии макони фоҷеъа 200 метри квадратиро ташкил додааст".

Аз рӯи маълумоти расмии вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, дар ин қазия чаҳор нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расида, як нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ва ҳанӯз сарнавишти дасти кам 2 нафар аз дигар коргарон, ки эҳтимолан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, мушаххас нест.

Раиси созмони муҳоҷирони "Тоҷик-диаспора" Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, ки баъди ошноӣ бо маҳалли ҳодиса исми шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷони худро аз даст додаанд, мушаххас кардаанд: "Як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Норак, қишлоқи Лангар Ғафуров Камолиддин, соли таваллудаш 1982, Рустами Боймуродзода, соли таваллудаш 1975 аз қишлоқи Лангари Норак. Онҳо дар мурдахонаи рақами 3-и (беморхонаи) Склифасовский нигоҳ дошта мешаванд".

Сарнавишти ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ҳанӯз зери овор мемонанд, маълум нест. Каромат Шарифов гуфт, аз рӯи маълумоти ҳамкоронашон феълан ду коргари дигар, ки зодаи ноҳияҳои Кофарниҳон ва Норак мебошанд, беному нишон ҳастанд:

"Ҳардуи онҳо Кароматулло ном доранд, лекин феълан гуфта наметавонем, ки воқеъан ҳам зери овору сангҳо афтода мондаанд ё на. То ҳоло бароварда нашудаанд. Ҳардуи онҳо Кароматулло ном доранд. Чунки онҳо ҳамагӣ ду рӯз ба кор омада буданд, байни худ хуб шинос ҳам набуданд. Яке аз Кофарниҳон аст, дигаре аз Норак аст".

Аз рӯи ҳодисаи мазкур додситонии ҳавзаи Марказии шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз карда гуфтааст, ки феълан аз рӯи қазияи "вайрон шудани муқаррароти бехатарӣ дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки аз рӯи беэҳтиётӣ боиси ҳалокати ду ва нафарони бештар шудааст" таҳқиқотро ба роҳ мондааст.

Масъули матбуотии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Евгений Бобилев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯи коргарони зери харобаҳо монда идома дорад. Вай дар сӯҳбат бо мо аз маҳалли фоҷеъа рӯзи панҷшанбе гуфт:

"Ҳоло дар маҳалли ҳодиса се гурӯҳи наҷотбахшон кор мекунанд. Шумори куллиашон 23 нафар аст. Корхонаи сохтмонӣ ба поккории маҳалли ҳодиса аз оворҳо машғул аст. Ин ҷо инчунин кранҳову дигар техникаи сохтмонӣ ҷалб шудааст, ки ин ҷойҳоро аз хишту чӯбҳои фарсуда тоза мекунад. Ва ҳамин ки қабати болии ин ҳама шикастапораҳо бароварда мешавад, наҷотбахшон дубора ба ҷустуҷӯи одамон шурӯъ мекунанд, чунки эҳтимоли мо ин аст, ки ҳанӯз як ё ду нафар бояд дар зери овор бимонанд".

Вай афзуд, ки ин сохтмон ҳанӯз се соли пеш расман фарсуда эълон шуда, сокинонашон ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуданд. Ҳангоми вуқӯъи ҳодиса эҳтимолан дар табақаи охирини сохтмон панҷ ё шаш коргар қарор доштанд, афзуд Бобилев. Вай гуфт, ки сатҳи берунаи сохтмон осебе надидаааст.

Як марди тоҷике, ки шабонгоҳ ба кӯмаки ҳамватанонаш шитофтааст, гуфт, аз рӯи маълумоти онҳо коргарон аз баландии табақаи 6-уми сохтмон сарозер шудаанд. Сафарбек Саидов афзуд:

"Мо омадем, гурӯҳи наҷотбахшони вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ҳама ҷоро маҳкам карда буданд, мо ба дарун даромада натавонистем. Аз гуфти бачаҳо ҳамин ки, биное, ки бачаҳо кор кардаанд, дар вақти кор кардан аз шашум қабат балкаи ҳамон хона кушода шуда шаш ошёна якҷоя фурӯ рафтааст".

Ҳоло, мегӯяд оқои Саидов, мақсади онҳо ин аст, ки бо таҳияи дурусти ҳама санадҳо ҷасадҳои ду ҷавонмарги ҳамватанашонро ҳар чӣ зудтар ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш карда буд, вай гуфт:

"Хайрият, худоро шукр, бачаҳо дар он фирма 10 сол-12 сол шуд кор мекунанд, сардори фирма ҳамаи маблағи роҳкироро ба гардан гирифтааст. Фақат ҳамин мурдаҳоро мо (аз мақомоти ҳифзи қонуни Русия) ҷавоб гирифта фиристем, барои он ки вақте мурдаро мурдадор дар Тоҷикистон мефаҳмад, вай дубора мемирад. Вақте ки як нафар мемирад, дар он ҷо чанд нафари дигар мемирад. Рӯи хуби ҳамин кӯдакро модараш, падараш бинад, баъд дар гӯр монад охир…".

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ як масъули сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ дод, ки консули намояндагии дипломатии Тоҷикистон Ҷӯрабек Қурбонов шаби гузашта ба маҳалли фоҷеъа рафта аз наздик бо рӯйдодҳои ахир шинос шудааст. "Сафорати Тоҷикистон ҳамеша талошро ба харҷ медиҳад, то ки ба ҳар хабари марбут ба шаҳрвандонаш, ки дар интернет ё расонаи дигар пайдо мешавад, вокуниш нишон диҳад", гуфт вай. "Ҳоло дар баробари ин мо бо қазияи буридани сари як шаҳрванди Тоҷикистон низ машғул ҳастем", афзуд мусоҳиби мо.

Назар ба иттилои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 230 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷойҳои кории худ дар сохтмонҳо, бо сабаби адами амнияти корӣ ва ё беэҳтиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG