Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи кӯмак ба ширкатҳои мошинсозӣ тасвиб шуд


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико барномаи 15-милларддолларии кӯмак ба саноати мошинсозии ин кишварро тасвиб кард. Тарҳи тасвибшуда тақрибан шабеҳи тарҳест, ки қаблан Сенат қабул карда буд. Ҷенерал Моторс ва Крайслер, ду ширкати бузургтарини мошинсозии Амрико, мегӯянд, дар ғайри сурати кӯмаки оҷили давлат ҳарду метавонанд ба варшикастагӣ рӯбарӯ шаванд. Форд, яке дигар аз ширкатҳои бузурги мошинсозӣ низ гуфтааст, шояд дар оянда ба чунин кӯмак ниёз пайдо кунад. Бӯҳрони саросарии молӣ саноати мошинсозии Амрикоро дар як вазъи сангине андохта, ширкатҳои бузурги мошинсозии кишварро рӯ ба раҳми дасти ёрии давлат гардондааст.
XS
SM
MD
LG