Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои ҷангии Русия аз Никарагуа дидан мекунанд


Артиши баҳрии Русия мегӯяд, се киштии ҷангии ин кишвар дар поёни ҳафтаи равон дар бандарҳои Никарагуа лангар хоҳанд партофт. Сухангӯи нирӯҳои баҳрии Русия Игор Дигало гуфт, ин се киштӣ аз 12 то 15 декабр аз он кишвари Амрикои Марказӣ дидан хоҳанд кард. Дар ҳафтаи гузашта, киштиҳои ҷангии Русия барои нахустин бор аз соли 1944 аз канали Панама убур карданд. Аз он пеш киштиҳои русӣ бо нирӯҳои баҳрии Венесуэла машқҳои муштараки низомӣ анҷом дода буданд.
XS
SM
MD
LG