Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргталабонаи пурқурбонӣ дар Киркук


Пулиси Ироқ мегӯяд, таркиши интиҳорӣ имрӯз дар наздикии шаҳри Киркук, дар шимоли Ироқ, дасти кам 15 кушта ва 30 захмӣ барҷой гузошт. Муовини раҳбари пулиси Киркук генерал Абдулраҳмон гуфт, инфиҷор дар як тарабхона дар канори шаҳр рух додааст. Киркук шаҳри гуногунқавм буда, дар он курдҳову арабҳо ва туркманҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG