Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду қурбонии тасодуми Маскав аз Тоҷикистон будаанд


Бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар тангкӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, дасти кам 4 коргар ҳалок шудаанд. Боми ин манзил соати тақрибан сеи пешини чоршанбе, 10 декабр фурӯ рафтааст. Дар соати фалокат 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Русия дар дохили бино будаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш то ҳол аз зери овори боми фурӯрафта ҷасади 4 коргари кушташударо берун кашидаанд, вале ду нафар ҳамчунон дар зери овор боқӣ мемонанд. Каромат Шарифов, раиси лигаи миллии тоҷикони Русия ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон будани ду нафар аз ҳалокшудагон аниқ шудааст. Каромат Шарифов гуфт, ҳарду ҳалокшуда - Ғафуров Камолуддин ва Рустами Боймуродзода - аз рустои Лангари Норак буда, ду нафари бозмонда дар зери овор низ аз Тоҷикистонанд. Додситонии Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG