Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон Қурбонов - дар нимфинал


Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари машҳури тоҷик

Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари машҳури тоҷик

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани машҳури тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс, ки дар шаҳри Маскави Русия ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ҷ. Қурбонов дар даври аввал дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг бар муштзани Латвия Николайс Гришунинс аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:5 пирӯз гардид.

Ҷаҳон Қурбонов дар нимфинал рӯзи шанбеи 13-уми декабр бо варзишгари Узбакистон Аббос Атоев, ки дар даври аввал бар Мариҷо Сиволҷиҷа, аз Хорватия, бо натиҷаи 12:0 дастболо шуд, қувваозмоӣ хоҳад кард. Воқеъан, Ҷаҳон Қурбонов дар Олимпиадаи Пекин дар нахустин рақобати худ бар ҳарифаш қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев ғолиб омада буд.

Дар қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ дар вазни то 81 кг Динеш Кумар, аз Ҳиндустон, бо Артур Бетербиев, аз Русия, рақобат мекунад.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов бошад дар даври аввал дар вазни то 51 кг аз Миша Алоян, аз Русия, бо ҳисоби 1:13 мағлуб шуд.
Инчунин дар даври аввали мусобиқа муштзанҳои дигари тоҷик Муродҷон Расулов ва Мададӣ Нағзибеков шикаст хурданд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гардиданд. Расулов дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг аз рақиби худ Ҳерри Танамор, аз Филиппин, бо ҳисоби 4:8 мағлуб шуд. Нағзибеков бошад дар вазни то 64 кг аз Мунхерден Уранчимеги муғул бо ҳисоби 3:18 шикаст хурд.

Барандагони Ҷоми ҷаҳонии бокс дар соли 2008 дар даври ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 14-уми декабр муайян мешаванд.

XS
SM
MD
LG