Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс рӯзи панҷшанбе дар пойгоҳи НАТО дар Қандаҳор гуфт, Амрико мехоҳад то тобистони соли оянда ба Афғонистон дасти кам 7 000 сарбози изофӣ бифиристад.

Роберт Гейтс, ки мақоми вазири дифоъи Амрикоро дар давлати раисиҷумҳури ояндаи ИМА Барак Обама низ ҳифз мекунад, дар Қандаҳор гуфт, ки ӯ дар ҳоли ҳозир ба баррасии дархости генерал Дэвид МакКирнан, фармондеҳи аршади нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон, машғул аст ва онҳо талош доранд, тибқи ин дархост, то тобистони оянда ба Афғонистон ду бригадаи изофии ҷангӣ эъзом кунанд. Қарор аст, нахустин бригадаи изофии артиши Амрико, ки тахминан 3 500 сарбозро фаро мегирад, дар моҳи январ дар ҷануби Кобул, пойтахти Афғонистон, мустақар шавад.

Генерал МакКирнан гуфтааст, Афғонистон дар як марҳалаи ҳассос қарор дорад ва нирӯҳои байналмилалиро набардҳои сангине дар вилоёти то ҳол мушкилзо ва ошӯбзадаи ҷануб ва ҷанубу ғарби он кишвар ҳанӯз дар пеш буда, ирсоли нирӯҳои изофӣ ба хотири таҳкими амният дар ҷануби Афғонистон амри лозим аст. МакКирнан дар мусоҳиба бо як рӯзномаи бритониёӣ ҳамчунин соли ояндаи 2009-умро ба далели интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки қарор аст, моҳи сентябр баргузор шавад, барои он кишвар соли ҳаллкунанда номидааст.

Дар нахустин вокуниш ба тасмими афзоиши нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи он кишвар, ин иқдомро дар марҳалаи кунунӣ лозим хонд, вале гуфт, бояд батадриҷ такя ба рӯи тақвияти худи нирӯҳои Афғонистон сурат бигирад, то битавонанд дар оянда нирӯҳои хориҷиро иваз кунанд.

Амрико дар ҳоле ба эъзоми нирӯҳои изофиаш ба Афғонистон омодагӣ мегирад, ки ағбаи Хайбари Покистон, масири асосии таъмини нирӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон, дар ин авохир ба мавҷи фазояндаи ҳамалоти ҷангиён рӯбарӯ шудааст. Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар ин ағба корвони мошинҳо ва амборҳои нирӯҳои байналмилалӣ таҳти ду ҳамлаи сангин ва пурхисораи чирикиҳо қарор гирифт, ки дар натиҷа ду амбори низомӣ ва ҳамин тавр, ҳудуди 300 мошини марбут ба нирӯҳои байналмилалӣ, бо шумули мошинҳои ҷип, ба коми оташ рафт.

Дар пасманзари авҷи чунин ҳамалот Амрико ва НАТО, ҳарду мегӯянд, ки акнун роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳои худ дар Афғонистонро меомӯзанд. Ба гуфтаи як мақоми низомии Амрико, аз ҷумла Озарбойҷон ба онҳо истифодаи қаламраваш ба хотири ирсоли нирӯ ва экмолот ба Афғонистонро пешниҳод кардааст. Ҷеймс Аппатураӣ, сухангӯи паймони низомии НАТО, рӯзи чоршанбе гуфт, ки ин паймон алакай ба хотири пайдо кардани масирҳои алтернативии таъмини нирӯҳояш бо мақомоти Русияву Беларусу Украина ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ вориди музокирот шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи НАТО, мушкилоти сиёсӣ дар ин замина рафъ шуда, танҳо масоили техникӣ боқӣ мондааст, ки бояд ҳаллуфасл кард.

Шумори нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир тақрибан 65 000 нафар буда, аз ин миён ҳудуди 31 000- аш асокири амрикоиянд. Интизор меравад, тайи як ё ду соли оянда беш аз 20 000 сарбози дигари Амрико асосан ба вилоёти бештар аз ҳама ошӯбзадаи ҷануби Афғонистон эъзом шаванд.

Генерал Дэвид МакКирнан, фармондеҳи аршади нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, дар маҷмӯъ хостори эъзоми дасти кам 4 бригадаи ҷангӣ бар иловаи воҳидҳои кӯмакрасони низомӣ шудааст. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, ду бригадаи аввал то тобистон ба Афғонистон хоҳанд расид, вале ҷадвали замонии эъзоми ду бригадаи дигари ҷангӣ ҳанӯз мушаххас нашудаааст.

Дар ҳар сурат, чунин ба назар мерасад, ки дархости генерал МакКирнан дар ниҳоят пазируфта хоҳад шуд. Роберт Гейтс дар Қандаҳор аз таърихи ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон низ ёдовар шуд ва бо ишора ба таҷрубаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо вуҷуди эъзоми 120 000 сарбоз натавонист дар Афғонистон пирӯз шавад, гуфт, вой ба ҳоли нирӯе, ки мардуми афғон онро ҳамчун ишғолгар бишиносад.

XS
SM
MD
LG