Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба Афғонистон нирӯи изофӣ эъзом мекунад


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад то тобистони соли оянда ба Афғонистон 7 000 сарбози изофӣ бифиристад. Роберт Гейтс, ки мақоми вазири дифоъро дар маъмурияти раисиҷумҳури ояндаи Амрико Барак Обама низ ҳифз кардааст, имрӯз бо як сафари қаблан эълонношуда вориди Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар Афғонистон ҳудуди 65 000 сарбози хориҷӣ, аз ҷумла тағқрибан 31 000 асокири Амрико, мустақар буда, алайҳи ҷангиёни тарафдори Толибон машғули набарданд.
XS
SM
MD
LG