Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати мардикорони тоҷик дар Маскав


Бино ба хабарҳо, бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар тангкӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, 4 коргар ҳалок шудаанд. Боми ин манзил соати тақрибан сеи пешини чоршанбе, 10 декабр фурӯ рафтааст. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, он замон 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Русия дар дохили бино будаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш то ин соат аз зери овори боми фурӯрафта ҷасади 4 коргари кушташударо берун кашидаанд, ки гуфта мешавад, дасти кам ду нафараш мардикорони тоҷиканд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.
XS
SM
MD
LG