Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мошини нозирони OSCE дар наздикии Осетиё


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тирандозиҳои дирузи афроди номаълум ба суи корвони нозирони онҳо дар минтақаи миёни Гурҷистон ва Осетиёи Ҷанубиро маҳкум кард. Терҳӣ Ҳакала-раҳбари намояндагии ин созмон дар Гурҷистон ин ҳамларо "ғайри қобили қабул" арзёбӣ кард ва гуфт:

"Ин хеле таассуфовар аст, зеро САҲА саъй мекунад, ки дар ин ҷо вазъро ором кунад. Нозирони мо дар он ҷо бо худ аслиҳа надоранд ва онҳо барои назорат аз роҳи маъмулии худ ҳаракат мекарданд. Ин амал ҳамлаи воқеъӣ ва дар рузи равшан буд".

Вазорати дохилаи Гурҷистон гуфтааст, мошине, ки дар он бо ҳарфҳои бузург OSCE навишта шуда буд, осеб дидааст, вале касе маҷруҳ нашудааст.

XS
SM
MD
LG