Пайвандҳои дастрасӣ

Нооромиҳои Юнон вориди шашумин руз шуд


Нооромиҳо дар шаҳрҳои бузурги Юнон вориди шашумин рузи худ шуд. Ин нооромиҳо замоне сар зад, ки пулис як писарбачаи 15-соларо ҳадафи тир қарор дод. Беназмиҳо фаъолияти корхонаҳову муассисотро дар Юнон фалаҷ кардааст. Пулис дар Афина ба суи тазоҳуркунандагон санг андохт ва гози ашковар истифода кард. о назардошти чунин вазъ Костас Караманлис-нахуствазири Юнон дар як паёми телвизюнӣ гуфт:

"Ҳукумат на танҳо тасмим гирифтааст, ки амнияти мардумро таъмин мекунад, балки аз бахшҳои тиҷорат, ки ба онҳо осеб расидааст, ҳимоят хоҳад кард. Кумак мекунад, ки онҳо ба по хезанд ва тавонанд коргарони худро ҳифз кунанд ва дар рузҳои ҷашни Милоди Масеҳ озодона кор кунанд".

Шабонгоҳи гузашта дар Афина ва Тессалоникӣ миёни пулис ва гуруҳҳои ҷавонон задухурд ба амал омад.

XS
SM
MD
LG