Пайвандҳои дастрасӣ

Осетинҳо зиреҳпӯши САҲА-ро тирборон карданд


Вазири умури дохилаи Гурҷистон имрӯз изҳор намуд, ки афроди мусаллаҳ аз қаламрави Осетияи ҷанубӣ сӯи зиреҳпӯш бо нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оташ кушоданд. Ба касе осеб нарасидааст. Ин ҳодиса дар наздикиҳои марзи Осетияи ҷанубӣ бо ноҳияи Гории Гурҷистон ба вуқуъ пайваст. Намояндаи САҲА дар Гурҷистон Марта Фриман иттилоъ дар бораи тирборони зиреҳпӯшро тайид кард ва аммо аз шарҳи бештари ҳодиса сарпечӣ намуд.

XS
SM
MD
LG