Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Макаров: "Русия ба Гурҷистон ҳамла карданӣ нест"


Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал Николай Макаров иттилоъ дар мавриди имкони ҳамлаи нави кишвар ба Гурҷистон дар баҳори соли ояндаро бепояву бунёд арзёбӣ кард. Ӯ дар мулоқот бо атташеҳои низомии хориҷӣ дар Маскав гуфт, ки Русия ин гуна тарҳро таҳия накардаст ва таҳия карданӣ ҳам нест. Ҳамзамон низомии воломақоми рус хостори эҳёи фаврии ҳамкорӣ бо НАТО шуд, ки баъди ҳаводиси моҳи август дар Осетияи ҷанубӣ ба бунбаст ворид шуданд. Ва аммо генерал Макаров афзуд, ки баъди ин ҳаводис низомиёни рус дар равобит бо НАТО аз эҳтиёт кор мегиранд.

XS
SM
MD
LG