Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоби Усқуфи Маскав ва Русия маълум шуд


Интихоботи пешвои нави калисои ортодокси Русия рӯзҳои 28 ва 29 январи соли 2009 ум баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти Синоди Муқаддаси калисои ортодокси Русия тасмим гирифта шуд. Се рӯз қабл аз интихобот дар нишасти раҳбарони калисо теъдоди рӯҳониҳое муқаррар хоҳад шуд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд. То ҳанӯз ному насаби номзадҳо ба маснади Усқуфи Маскав ва кулли Русия расман эълон нашудааст.
Усқуфи Маскав ва кулли Русия Алексии ду чанд рӯз қабл дар синни 89-солагӣ оламро падруд гуфт.

XS
SM
MD
LG