Пайвандҳои дастрасӣ

Нақши Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи ҷаҳон


Порис, 10-уми декабри соли 1948, қабули Эъломияи ҳуқуқи башар дар конфронси СММ

Порис, 10-уми декабри соли 1948, қабули Эъломияи ҳуқуқи башар дар конфронси СММ

60 сол аз ин пеш Созмони Милали Муттаҳид санадеро ба тасвиб расонд, ки шараф ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи одамони рӯи ҷаҳонро қонунӣ гардонд.

Таъсири Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба таърихи шаст соли охири инсоният онгуна бузург будааст, ки бисёре аз чеҳраҳои маъруфи дунё онро як қадами инқилобӣ номидаанд. Гуфта мешавад, ҳатто бадтарин диктаторони ҷаҳон низ маҷбур будаанд, лоақал дар сухан ҳам бошад, ба нукоти таъинкунандаи ин санад тан диҳанд. Ҳамзамон ин ҳуҷҷат мавриди интиқод ва сарпечиҳо низ қарор гирифтааст ва роҳи шастсолаи он ҳамвор набудааст.

Яке аз инқилобиёни фаронсавӣ гуфтааст, ҳуқуқи ман то ҷое паҳн мешавад, ки ба ҳуқуқи дигарон осеб наорад. Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар гӯё ин фикрро идома дод: ҳуқуқи дигарон низ то марзе мерасад, ки ҳуқуқи шуморо маҳдуд накунад.

Ҳарчанд бисёриҳо зодрӯзи шинохти ҳуқуқи инсонро ба шиорҳои фаронсавии "Озодӣ! Баробарӣ! Бародарӣ!" ва бархе ҳам ба усули фарҳанги юнонию насоро пайванд медиҳанд, ба бозёфтҳои бостоншиносӣ қариб 4 000 сол пеш дар замони шоҳи Бобулистон Ҳаммурапӣ дар санг навишта шуд, ки ҷазои ноодилона, шиканҷа ва бардагии инсон мамнӯъст. Аммо ин қонун танҳо барои бобулиҳо буд ва ҳамсоягони онҳо ошуриҳоро куштан ҳам мумкин буд, ғулом кардан ва шиканҷа додан ҳам. Бархе аз ҳуқуқҳои умумӣ дар фармонҳои шоҳаншоҳи эрониёни қадми Куруши Кабир ҷойгоҳи баланд ва бебаҳс доштанд.

Дар соли 1215 шоҳи инглис Ҷон Магна Карта «Либертатум» ё «Ҳукми Кабири Озодӣ»-ро нашр кард, ки ҳадафаш бартарӣ додан ба адл буд. Соли 1789 маҷлиси миллии Фаронса Эъломияи ҳуқуқи мардҳо ва шаҳрвандон ва ду сол баъдаш дар 1791 аввалин конгрессии Иёлоти Муттаҳида Амрико Қонуни ҳуқуқҳоро ба тасвиб расонданд. Ин ҷо фарқ ин буд, ки яке аз ҳуқуқи фаронсавиҳо ва дигаре аз ҳуқуқи шаҳрвандони Амрико дифоъ мекард. Дар тафовут бо ин ва ҳамаи дигар асноди ҳифзи ҳуқуқ, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки рӯзи 10-уми декабри соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид дар Порис қабул кард, ҳуқуқи инсонро мансуби ин ё он миллату нажод ё мазҳабу мамлакат на, балки мансуби тамоми аҳли башар донист. Дар нутқе пеш аз раъйдиҳӣ Элеанор Рузвелт, нахустин раисбонуи ҳайати муаллифони эъломия чунин гуфт: "Мо дар остонаи ҳодисаи бузурге ҳам барои Созмони Милал ва ҳам барои башарият қарор дорем. Ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои ҳар фард дар ҳама ҷо Магна Картаи байнулмилалӣ хоҳад шуд".

Пешбинии Рузвелт тасбит шуд. Дастурҳои Магна Карта як бахше аз эъломияи нав гашт ва ҷамъан худи санад аз 30 боб таркиб ёфта, ҳуқуқҳои одитарини як инсон – озодии сухан, дин, матбуот, ҷамъомад, омӯзиш, кор ва раҳоӣ аз бардагию истисморро фаро гирифт.

Беларус, шаҳри Ҳродно, 10-уми декабри соли 2008

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон имрӯз мегӯянд, аҳамияти эъломияи шастсоларо замоне метавон дарк кард, ки агар фикр кунем, чунин санаде аслан ҳаргиз вуҷуд надоштааст ва нест. Он гоҳ ҳазорон ё шояд садҳо ҳазор қонуни дигаре ки чи дар сатҳи байнулмилал ва чи дар сатҳи кишварҳо навишта ва қабул шуданд, низ вуҷуд дошта наметавонистанд. Мутахассиси ҳуқуқи байнулмилалӣ дар Лондон, Билл Боуринг мегӯяд: "Ҳарчанд ин як аҳдномаи ҳатмӣ ва маҷбуркунанда набуд, аммо ба шакли як қонуни муқаррарӣ ва ҳатмии байнулмилалӣ барои тамоми давлатҳо пиндошта шуд. Ҳамаи санаду паймони баъдии ҳуқуқи инсон, ба монанди лағви табъиз нисбати занон, мубориза зидди нобаробариҳои нажодӣ ё ҳфизи ҳуқуқи кӯдак, ҳамагӣ ба эъломияи умумӣ асос ёфтаанд ва он як пойдевор аст".

Тибқи «Китоби рекордҳои Гиннес», Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар паҳншудатарин санад дар ҷаҳон аст, ки аз лиҳози тарҷума ба забонҳои дунё дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳарчанд бархе онро танқид мекунанд, ки ҳаққи саркашӣ аз ширкат дар ҷангро қойил нест ва ё кишварҳое чун Покистон, Эрон ва Арабистони Саудӣ мегӯянд, эъломияи вижагиҳои фарҳангию мазҳабии онҳоро ба назар нагирифтааст ва ё мегӯянд, ин санад дандони газ надорад ва кишварҳои гунаҳкорро ҷазо дода наметавонад, бузургтарин дастовардаш ин аст, ки як зани бенаво дар Африқо ё муҳоҷире дар Русия медонанд, ки чунин эъломия ҳаст, онҳо ҳақ ва ҳуқуқ доранд, барои ҳуқуқи худ мубориза мекунанд ва камтаринаш метавонанд аз аъмоли давлати худ шикоят кунанд.

Ба Созмони Милали Муттаҳид, яъне ба ҳамаи ҷаҳон.

XS
SM
MD
LG