Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 миллиард доллар барои соҳаи мошинсозии ИМА


Кохи Сафед ва Конгресии ИМА дар робита ба кумаки молӣ ба саноати мошинсозӣ созиши муқаддамотӣ ҳосил карданд. Қарор аст, ки давлат барои берун шудани соҳа аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ 15 миллиард доллар ҷудо кунад. Ахиран маъмурияти Ҷорҷ Буш ва Конгресс ба тавофуқ расиданд, ки назорати тахсис ва истифодаи қарз ва ҳамчунин назорати раванди бозсозии соҳаи мошинсозӣ бар дӯши як нафари масъул гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG