Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ боздошти Лаҳвӣ ва Зорар Шоҳро тайид кард


Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ имрӯз боздошти ду гумонбари ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустонро тайид кард. Ӯ гуфт, ки Закиурраҳмон Лаҳвӣ ва Зорар Шоҳ – ду узви гурӯҳи мусаллаҳи “Лашкари Тайиба” дастгир шудаанд ва мавриди бозпурсӣ қарор доранд. Ин нахустин изҳороти расмӣ баъд аз боздошти Лаҳвӣ дар чанд рӯзи пеш аст. Мақомоти Ҳиндустон ӯро яке аз тарҳрезони ҳамлаи террористии охири моҳи гузашта ба шаҳри Мумбай медонанд, ки бар асари он беш аз 170 нафар ба ҳалокат расиданд. Исломобод мегӯяд, ки бо гумонбарони ҳамла ба Мумбай ягон робита надорад.

XS
SM
MD
LG